МАҲСУЛОТИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА. Дар Душанбе Корхонаи истеҳсоли «Сэндвичпанел» ба истифода дода шуд

Октябрь 30, 2024 17:20

ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 29 октябр дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли «Сэндвичпанел» ба истифода дода шуд. Сэндвичпанел масолеҳи сохтмонӣ буда, аз се номгӯйи ашёи хом – тунука, полиуретан ва тасма бо фишордиҳии гарм ё хунук омода карда мешавад. Ин маҳсулот то ҳол аз хориҷи мамлакат ба ҷумҳурӣ ворид мегардад. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки нархи ин маҳсулот арзон шуда, дастрасӣ ба он низ осон гардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳсулоти корхона вобаста ба таъйинот панелҳои сақф ва панелҳои девор ҷудо карда шуда, асосан барои намои берунаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, сардхонаҳо, иншооти таъйиноти гуногун, пӯшидани боми биноҳои баландошёна ва яхдон бо мақсади нигоҳ доштани сардӣ ва гармӣ истифода карда мешавад.

Корхонаи истеҳсоли «Сэндвичпанел» дар масоҳати 7 ҳазору 172 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шуда, дар он маҳсулоти босифат ва рақобатпазир истеҳсол мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 960 метри мураббаъ ва дар як сол 276 ҳазору 480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур 25 нафар бо кор таъмин гардида, аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо омӯзиши низоми кории таҷҳизоти муосири васлгардида фаро гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар маросими ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли «Сэндвичпанел» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

Мавриди истифода қарор гирифтани боз як корхонаи нав дар шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ки дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардидааст, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ибратбахш номида шуд.

Хотиррасон мешавем, ки дар шаш моҳи якуми соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 783 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 500 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,1 фоизро ташкил намуд. Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 3 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 992 ҳазор доллар бештар мебошад.

Тибқи иттилои масъулин, истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридот-ивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2024 заминаи мусоид фароҳам овард.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 30, 2024 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ