Муҳаммад Боқири Қолибоф: «Тоҷикистон ва Эронро тамаддуни чандинҳазорсола бо ҳам мепайвандад»

Октябрь 10, 2024 12:40

ДУШАНБЕ, 10.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Эронро муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва тамаддуни чандинҳазорсола ба ҳам мепайванданд, ки заминаи мусоид барои таҳкиму тавсеаи пайвастаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои мо мебошанд. Чунин изҳори назар намуд Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

«Барои ман мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати ба мо дӯсту бародар ташриф орам», — изҳор намуд Муҳаммад Боқири Қолибоф.

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамон тавре, ки дар 30 соли гузашта тиҷорати ду давлат беш аз ду баробар афзоиш ёфт, солҳои минбаъда бо суръати аз ин ҳам зиёдтар рушд ёфта, ҳамкории ду давлат густариши бештар меёбад.

«Тавре, ки шумо шоҳид ҳастед, давоми сӣ соли гузашта Сарварони ду давлат, роҳбарони парлумонҳо, ҳайатҳои ду ҷониб ва намояндагони иқтисодии ду мамлакат пайваста мулоқот мекунанд. Байни давлатҳоямон сафарҳои корӣ барқарор мешаванд. Аз ҷумла, ҳамкории тиҷоратӣ,  илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар мадди назари доимӣ қарор дорад», -афзуд Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 10, 2024 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд