Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд

Октябрь 3, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот хонум Паэтонгтарн Чинаватраро ба муносибати интихоб шуданашон ба вазифаи Сарвазири Шоҳигарии Таиланд самимона табрик намуданд.

Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Тайландро равобити судбахш ба ҳам мепайванданд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки мо дар якҷоягӣ ба муносибатҳои кишварҳоямон такони нав хоҳем бахшид.

Масоили тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ ва саноат  аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Содироти молу маҳсулоти мухталиф, аз қабили пахта, аллюминий, меваҳои хушк, маъданҳо ба Таиланд ва таҷҳизоти электронӣ, мошину мошинолот ба Тоҷикистон аз самтҳои дигари ҳамкории судманд номида шуд.

Ба таҳияи “харитаи роҳ”-и ҳамкорӣ, ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ, ҷорӣ кардани низоми бераводид барои шаҳрвандон ва рушди равобити сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фароварди суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Паэтонгтарн Чинаватра даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Октябрь 3, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд