Президенти Тоҷикистон 56 манзили зист ба сокинон ва 6 хона ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ туҳфа намуданд

Октябрь 24, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 13 октябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаус ба истифода дода шуд. Бинои истиқоматӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. 56 хонаи ин бино ба сокинони шаҳри Хоруғ ва 6 манзили зистро Сарвари давлат ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Академик Моёншо Назаршоев тақдим намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бинои нави истиқоматӣ аз се қисмат иборат буда, 154 хонаи истиқоматии барҳаво дорад ва мутобиқ ба талаботи замон бунёд гардида, дар он шароити сатҳи баланд зисту зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.Хонаҳои истиқоматӣ бо ошхона ва дигар лавозимоти рӯзгор таъмин буда, туҳфаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғ мебошад.

Инчунин хонаҳои истиқоматӣ дар фасли зимистон бо системаи гармидиҳӣ тавассути қувваи барқ таъмин хоҳанд шуд. Дар ошёнаи якуми бино Маркази тиҷоратии 24-соата фаъолият мекунад, ки дар ин ҷо барои истиқоматкунандагон маҳсулоти ниёзи рӯзгор пешниҳод карда мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар марҳилаи аввал дар маркази тиҷоратӣ зиёда аз 20 нафар аз ҳисоби аҳолии шаҳри Хоруғ бо кори доимӣ таъмин гардида, оянда шумораи онҳо афзун хоҳад шуд.

Дар ошёнаи дуюми бинои навбунёд утоқҳои муосири хизматрасонӣ мавҷуданд, ки сокинон имкон доранд, ҳамоишу чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд.

Ҳудуди бинои истиқоматӣ ва пиёдаравҳо бо истифода аз сангҳои ороишии корхонаи навбунёди «Суман»-и шаҳри Хоруғ зиннат дода шуда, ба як макони дилфиреби сайру сайёҳат табдил ёфтааст. Дар атрофи бино дарахти ҳамешасабз ва гулҳои зебову рангоранг шинонида шуда, сутунҳои равшанидиҳандаи чароғон шабонгоҳ ба ин макон зебогии хос зам менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин рӯз дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ҳамчунин бинои 15 ошёна ба истифода дода шуд, ки аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои бинои мазкур мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки раванди созандагӣ ва бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ дар оянда низ тибқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома меёбад.

Ёдрас мешавем, ки зимни ин сафар ва дар ҳошияи он қариб 100 иншоот ифтитоҳ ёфта, ба бунёди даҳҳо иншооти дигар асос гузошта шуд.

Дар айни замон дар вилоят дар дар масоҳати беш аз 1 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.Фонди умумии манзил дар ин давра аз 1,6 миллион метри мураббаъ ба 3,6 миллион метри мураббаъ расидааст.

Бояд гуфт, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1021 иншоот ба маблағи як миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

То нимаи аввали моҳи октябри соли равон корҳои сохтмон дар 766 иншоот ба маблағи зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ба анҷом расидаанд, ки 56 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад