Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 12, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро, ки аз 4 ошёна иборат мебошад, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти тозабунёди соҳаи маориф дар ин ноҳияи дурдаст дорои шароити муосири илмомӯзӣ буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаб дар масоҳати 2134 метри мураббаъ сохта шуда, дар он 31 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 300 ҷой нишаст, толори варзишӣ, ошхона ва китобхона мавҷуд аст.

Ифтитоҳи мактаби нав ва таъмини шароити хуби таҳсил идомаи иқдому ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фаро гирифтани хонандагон ба низоми муосири таълим буда, оянда барои тарбияи ҷавонони донишманду худшинос мусоидат мекунад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2021 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардида, он дар муҳлати  беш аз 2 сол бо ҷалби 150 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Дар мактаб 8 синфхонаи фаннӣ мавҷуд буда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагони муассисаи навбунёд, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи маориф тамоми тадбирҳоро  амалӣ менамояд.

Аз ин рӯ, хонандагонро лозим аст, ки аз ин имконот самаранок истифода намуда,  дониш омӯзанд, илму техникаи муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.

Барои таъмини гармӣ дар бино, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки бо ангишт фаъолият менамояд ва тавассути он ба тамоми синфхонаҳои таълимӣ дар фасли тирамоҳу зимистон гармӣ дода мешавад.

Дар марказ ва деҳоти ноҳия ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳсозии сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ҳоло корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ дар 4 муассисаи таълимӣ идома дорад.

Аз рӯйи маълумот ҳоло дар 41 муассисаи таълимии ноҳияи Роштқалъа зиёда аз 4 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар ноҳияи Роштқалъа 12.10.2024

Октябрь 12, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд