Президенти Тоҷикистон: «Сатҳи ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар вилоят 758 ва дар шаш моҳи соли равон 522 ҷиноят сабт шудааст, ки ин нисбат ба солҳои гузашта кам мебошад. Аз ҷумла, ҷиноятҳои одамкушӣ ва суиқасд ба он, тасарруфи силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, авбошӣ ва ҷиноят бо истифода аз силоҳ кам шудаанд. Чунин иброз доштанд Сарвари давлат 14 октябр дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
«Ҳамроҳшавии баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла ҷавонон ва содиршавии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла аз ҷониби сокинони ноҳияи Ванҷ нигаронкунанда буда, ҳоло даҳҳо нафари онҳо барои содир намудани ин ҷиноятҳо дар кофтуков қарор доранд»,-таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки «тамоми пешрафту ободии мамлакати азизамон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон натиҷаву самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Аз ин рӯ дар ин кори муҳим роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва фаъолон бояд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории бештар дошта бошанд».
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






