Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /НИАТ «Ховар»/. 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Қатар баррасӣ гардид.
Ба ҷалби сармояи қатарӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ, ки чанд дафъа ба Тоҷикистон ташриф оварда ва ба кишвари мо муҳаббати зиёд доштааст, омодагии худро ба сармоягузорӣ дар бахшҳои ояндадор иброз дошт. Аз ҷумла роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист ҷолибу судбахш номида шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






