Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати IFC масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуданд

Октябрь 15, 2024 19:23

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи «Барномаи рушди маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул (Assets based Finance) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мулоқоти маҷозии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ вобаста ба лоиҳаи маблағгузорӣ дар асоси дороиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи меъёрии ҳуқуқии он таҳлили худро тавассути рӯнамо пешниҳод намуд. Дар рӯнамо дар бораи фарогирии барнома ва натиҷаҳои арзёбии ташхисӣ, пешниҳод ва тавсияҳои асосӣ, қоидаҳои иҷозатномадиҳии фаъолият ва назорат, маблағгузорӣ дар асоси дороиҳо дар заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили усули танзими пруденсиалӣ шарҳу тавзеҳи муфассал манзур гардид.

Дар доираи Харитаи роҳ барои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маблағгузорӣ оид ба таъмини дороиҳои манқул, корҳои иттилоотиву тавзеҳӣ ва афзун намудани иқтидори тарафҳои манфиатдор иҷрои чорабиниҳои зиёд дар назар дошта шудааст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 15, 2024 19:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид