Шумораи иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Хуҷанд меафзояд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои иловагии Гимназияи №1 идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Бо назардошти зиёд гардидани шумораи хонандагон зарурати бунёди бинои иловагӣ дар назди Гимназияи №1 ба миён омад.
Дар муассисаи таълимӣ дар ду баст зиёда аз 3100 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 102 омӯзгор дарс медиҳад.
Дар нақшаи бинои иловагӣ тамоми шароиту имконият, аз ҷумла утоқҳои барҳавои таълимӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхона ва толори варзишӣ барои 2000 хонанда пешбинӣ шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Хуҷанд 4 иншооти соҳаи маориф сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ин давра дар вилояти Суғд 52 иншооти соҳаи маориф бо 7975 ҷои нишаст мавриди истифода қарор гирифтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд






