Сокинони ноҳияи Шаҳристон бар ивази маблағи ҳаҷ деҳаҳоро обод менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристон барои фарогирии хурдсолон ба таълиму тарбия кӯдакистони нав таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон хабар доданд.
Бинои мавҷуда пас аз таъмир ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ мутобиқ карда шуда, дар марҳилаи аввал дар се гурӯҳ 85 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуд.
Ба иттилои масъулин, дар айни замон дар ноҳия ду кӯдакистон фаъолият дошта, сол аз сол талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зиёд мегардад.
Иброз гардид, ки сокинони ноҳия барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ анҷом дода, пайваста дар ободонии маҳал саҳм мегузоранд.
Саҳми сокинон дар мумфаршкунии роҳи байни деҳаҳо назаррас аст. Бо ташаббуси аҳолии деҳаҳои Суғдиёну Ободӣ ва саҳми чанд нафаре, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, 3,7 километр роҳи ҷамоати Бунҷикат мумфарш карда шуд.
Чанде аз сокинони деҳаҳои Ободӣ ва Себзори деҳоти Бунҷикати ноҳия дар назди муассисаҳои таълимӣ ошхонаҳои нав бунёд карда, ба истифода супориданд. Ошхонаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ ва ошхонаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 низ бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ сохта шуданд. Муассисаҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон








Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд






