ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, ҷумъа, 285-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 11, 2024 08:00

11 октябри соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург созишномаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расониданд.

***

11 октябри соли 2011 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва  ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишер ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар майдони назди Маркази савдои «Меҳргон»- и пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамоиши экологии  «Мо метавонем!» баргузор гардид.

***

11 октябри соли 2015 бахшида ба 70- солагии ЮНЕСКО ва Соли  оила дар Тоҷикистон дар театр-студияи «Падида» дар мавзуи «Ман оилаи худро дӯст медорам» намоиши расмҳо доир шуд.

***

11 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

***

Соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд нахустин Форуми байналмилалӣ- иқтисодии «Суғд-2018» доир шуд.

***

11 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

11 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузоргардида ҳисобида шуд.

***

11 октябри соли 2021  дар шаҳри Брюссел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

11 октябри соли 2022  пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду давлат хос аст, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ва масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

11 октябри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода   иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз даромад ва молу мулк ва якчанд лоиҳаи қонунҳо ба тасвиб расид.

11 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии духтарон

***

Рӯзи кашфи Гавая.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фарҳод Зикриёев— соли 1940 — забоншинос, доктори илмҳои филологӣ (1987), профессор (1989). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1974), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001)

Октябрь 11, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст