ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, шанбе, 286-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 12, 2024 08:00

12 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» шинос шуданд.

***

11 сол пеш, 12 октябри соли 2013 дар Маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

***

12 октябри соли 2015 Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд Созишномаи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000»-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 китоби президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов таҳти унвони «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» нашр шуд.

***

Соли 2018 дар Бӯстонсарои ҳукуматии «Кохи Сомон» дар  шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

***

12 октябри соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

***

12 октябри соли 2022 Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Саммити шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

***

12 октябри соли 2023 дар шаҳри  Душанбе бо иштироки 67 ширкати ватаниву хориҷӣ Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти сохтмонии «ТAJBUILD» ифтитоҳ гардид, ки дар он  беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маърази тамошо  гузошта шуд.Дар намоишгоҳ  ширкатҳо аз Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия ва Узбекистон иштирок намуданд.

12 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.

***

Дар Русия- Рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.

***

Дар Арманистон- Рӯзи мубориза бо тамокукашӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳамид Гадоев— соли 1922,— таърихнигор, доктори илмҳои таърих (1978), профессор (1980), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1975).

Октябрь 12, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, душанбе, 365-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст