ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
29 октябри соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
***
29 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми башардӯстона, дар руҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ифтихори 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд.
***
29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд.
***
29 октябри соли 2016 ҷудочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.
***
29 октябри соли 2021 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии фермерии «Асадулло» дар қитъаи боғи нав бо ниҳолҳои навъи хориҷӣ бо нашъунамои дарахтон шинос шуданд.
***
29 октябри соли 2022 дар Душанбе доир ба низоми ҳуқуқии миллии Тоҷикистон ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоиш баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ қонунӣ гардида, расмиёти дохилидавлатии он ба анҷом расид. Ҳуҷҷат ба рушди иқтидори муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди ҳаракати академикии кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат менамояд.
29 ОКТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.
***
Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
***
Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ — соли 1950 — адабиётшинос-шарқшинос ва шоири тоҷик.