ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 4, 2024 08:00

4 октябри соли 2013 дар ҷаласаи 11–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

***

11 сол пеш, 4 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

***

4 октябри соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

***

3 сол пеш, 4 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дода, натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои ноҳияро давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ таҳлил намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

***

4 октябри соли 2023 варзишгари тоҷик Миҷгона Самадова (57 кг) барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди бокс гардид.

4 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии олами ҳайвонот.

***

Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон.

***

Рӯзи байналмилалии манзил.

***

Дар Русия- Рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

***

Дар Белгия- рӯзи соҳибистиқлолӣ.

 

Октябрь 4, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, якшанбе, 266-умин рӯзи соли 2024 аст