ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 3, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи Ассамблеяи  байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон доир шуд.

***

3 октябри соли 2013 дар Душанбе Форуми навбатии IX байналхалқии «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва Созмони ҳамкории Шанхай  дар асри XXI» баргузор гардид.

***

3 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд.

***

3 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи якчанд иншоот, шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ва ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар маркази ноҳия бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд.

***

3 октябри соли 2022 дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

***

3 отябри соли  2022  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ва намоиши маҳсулоти ғалладона шинос шуданд.

***

3 октябри соли 2023 дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди бокс варзишгари тоҷик Давлат Болтаев медали дуюми тилло ба даст овард.

3 ОКТЯБР:

Рӯзи таъсисёбии телевизиони Тоҷикистон

***

Дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон — рӯзи муттаҳидшавии Олмони ягона.

***

Рӯзи ташкили Ҷумҳурии Корея.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Зебо Аминзода  — раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон (1980).

 

Октябрь 3, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш