Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар соҳаи энергетика ва захираҳои об дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Боуман дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои бузурги обию энергетикии Тоҷикистон ёдовар шуда, ҳавасмандии мамлакати моро барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин бахшҳо баён намуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар оянда низ тақвият дода мешавад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






