Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ҳамкориро дар самти экология, энергетика ва саноат тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар Душанбе вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки осиёии рушд таҳти роҳбарии директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Викас Шил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷонибҳо вазъи кунунии робитаҳо ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, ҷараёни таҳаввулоти иқтисодӣ ва ислоҳот, инчунин маблағгузории самтҳои афзалиятнок вобаста ба масъалаҳои тағйири иқлим, гузариш ба иқтисоди «сабз» ва навсозии иншооти стратегии мамлакатро баррасӣ намуданд.
«Мо саҳми Бонки осиёии рушдро дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим хеле қадр мекунем ва умедворем, ки ҳамкорӣ дар ин самт густариш меёбад. Масъалаҳои об ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим ба ҳам алоқаманданд ва дар ин замина Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин аҳамияти хосса медиҳанд. Мо кӯшишҳои Бонки осиёии рушдро дар самти тағйирёбии иқлим, аз ҷумла барномаи нави минтақавии Хазинаи сабзи иқлим «Аз пиряхҳо ба хоҷагиҳо» дастгирӣ мекунем. Инчунин омодаем, ки бо дастаи Бонки осиёии рушд барои муайян намудани афзалияти иқлим дар Стратегияи нави ҳамкории иқлимии Бонки осиёии рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монем»,-гуфт Ҳоким Холиқзода.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳайати бонк ҷиҳати дастгирии лоиҳаи Роғун, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Тифлис зимни мулоқот бо президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакава низ баррасӣ шуда буд, изҳори сипос намуд.
«Моҳи майи соли 2025 дар Душанбе конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масълаи пиряхҳо доир мегардад, ки мо ба дастгирии Бонки осиёии рушд дар ин самт ва иштироки бонк дар ин конфронс умед дорем. Ҳамчунин бояд изҳор намоям, ки ташаббуси Бонки осиёии рушд оид ба ҷудо намудани беш аз 100,0 миллиард доллар барои мубориза бо тағйирёбии иқлим барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ сазовори эҳтироми бузург аст», — афзуд муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо иброз намуданд, ки дар густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои экология, энергетика, саноат, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасонии бонкӣ, молиявӣ ва дигар бахшҳои пешбари иқтисодиёт дурнамои бузургро мебинанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард






