«ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имрӯз ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ мешаванд

Октябрь 5, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир мегардад, ки дар он гирандагони Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ муайян маегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҷамъомад аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду оҳанг иҷро мегардад. Инчунин  ба устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим мегардад.

Озмун давоми шаш сол аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин ба тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 3 785 000 (се миллиону ҳафсаду ҳаштодупанҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

 АКС: АМИТ «Ховар»/бойгони

 

Октябрь 5, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт