Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи сеюми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи нуҳуми Алянси авруосиёии омбудсменҳо баргузор шуд, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба таври маҷозӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Умед Бобозода зимни баргузории ҷаласаи Алянси авруосиёии омбудсменҳо дар мавзуи «Амалияи фаъолияти Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили рӯзмарраи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонии ҷомеа» маъруза намуд.
Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ ба муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






