Вазири маориф ва илм бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию истеҳсолии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо имконият ва шароити озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию истеҳсолии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Раҳим Саидзода дар озмоишгоҳҳои «Ташхиси обҳои партоб ва нӯшокӣ», «Гидравлика», «Ҳавокашӣ ва конденсиронии ҳаво», «Физикаи сохтмонӣ», «Газтаъминкунӣ», «Технологияи равандҳои сохтмонӣ», «Санҷиши сифати маҳсулоти сохтмонӣ» ва ғайра бо раванди корҳои амалӣ дар онҳо шинос гардид.
Вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки ҷалби донишҷӯён ба озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ-истеҳсолӣ барои амалӣ намудани донишҳои назариявӣ ва мутахассиси соҳибкасб шудани онҳо кумак мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки донишҷӯён бо истифода аз шароити мавҷуда донишҳои назариявиро дар амал татбиқ намоянд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






