ЗАБОН- НИШОНАИ МИЛЛАТ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсия доир шуд
БОХТАР, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Зимни ҳамоиш иброз шуд, ки «дар ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ буда, халқ бо ин забон сухан мегӯяд. Таҳия ва татбиқи чорабиниҳо, мураттабсозии ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти одамон дар асоси забони тоҷикӣ амалӣ мегардад».
Мояи ифтихор аст, ки дар даврони истиқлолият забони давлатии мо бо пуштибонии шахсияти бузург – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки садоқаташон ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла забони модарӣ бемисл мебошад, боз ҳам бештар рушд намуд.
Забон кафолати ҳастии давлат, нишонаи миллат ва муҳимтарин воситаи муоширати байни одамон мебошад. Забон дар тамоми давру замонҳо пояи давлатдорӣ буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ на танҳо дар корҳои дохилӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар муносибатҳои хориҷии мо низ истифода мешавад.
Дар анҷоми конференсия донишҷӯён ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






