Занону духтарони ноҳияи Рӯдакӣ дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва саноатикунонии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд

Октябрь 27, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд менамоянд. Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ 158 зан ба соҳибкории хурду миёна машғул буда, бо саҳми онҳо ҳамасола коргоҳҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ  ва бофандагӣ таъсис дода мешаванд.

Коргоҳи дӯзандагии «Чевар», ки ба дӯхтани сару либосӣ мактабӣ машғул аст, 20 нафар занони хонанишинро бо ҷойи кор таъмин намудааст.

Дар ин коргоҳ ба ғайр аз дӯхти либоси мактабӣ қолинбофию атласбофӣ ба роҳ монда шуда, 12 ҷавондухтари хоҳишманди ноҳия ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардид.

Ҳамчунин дар ноҳия шумораи занони ҳунарманд 53 нафар сабт гардидааст, ки онҳо дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ, тозагии кӯчаву хиёбонҳои маҳалла ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳия ҳамарӯза бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» корҳои ободонӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор мегарданд.

Зимни чорабиниҳо гулдухтарон куртаҳои миллӣ, аз ҷумла, чакан ва атласу адрас ба бар карда, намоишҳои сару либосҳои миллии тоҷикӣ ташкил менамоянд. Дар онҳо сӯзаниҳо, гулдӯзиҳо, кашидадӯзиҳо ва намунаи куртаҳои бо тарзи миллӣ дӯхташуда ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Калонсолон таомҳои миллӣ ва дигар пухтупази мардумиро омода мекунанд.

Либосҳои миллӣ ҷузъе аз фарҳанги тоҷикон ба шумор рафта, аз аҷдодон ба ёдгор мондаанд. Агарчӣ давоми солҳо шаклашонро каме тағйир додаанд, вале шинаму зебанда буданро гум накардаанд.

«Мутаассифона, имрӯз бархе занону духтарон мавқеи либоси миллиро коста гардонида, ба фарҳанги бегона рӯ овардаанд. Аксар чорабиниҳое, ки мо дар ноҳия бо иштироки занону духтарон мегузаронем, мақсади он ҳифз намудани фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад»,-иброз дошт мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ Моҳира Исмонова.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади пешгирии либоспӯшии бегона дар байни занон, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста суҳбату вохӯриҳо гузаронида  мешаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Октябрь 27, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд