ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 1500 тонна ангишт интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 1500 тонна ангишти истеҳсоли ватанӣ фиристода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Барои бо нархҳои арзон дастрас намудани маҳсулот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои алоҳидаи фурӯши ангишт таъсис дода шудаанд. Сокинони Бадахшон имкон доранд ангишти хушсифати ватаниро бо нархи қариб якуним баробар аз бозор арзонтар харидорӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, бо ангишти хушсифати ватанӣ таъмин мегарданд. Ин иқдом соли панҷум аст, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Корхонаи воҳиди давлатии ангишти тоҷик амалӣ карда мешавад.
Дар доираи намоиш-фурӯши ангишт то фарорасии давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 5 ҳазор тонна ангишти аълосифати корхонаҳои ватанӣ ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад.
Ҳадафи ин тадбир ба танзим даровардани нарх дар бозор, дастрасӣ пайдо намудани сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ангишти арзону хушсифат ва истифодаи самарабахши он дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2025 мебошад.
Имрӯз корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон метавонанд пурра талаботи аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин намоянд. Бо амалӣ гардидани ин тадбир як килограмм ангишт бо арзиши 1 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад, ки нисбат ба бозор якуним баробар арзон мебошад. Тибқи нақша, тақсими корвони мошинҳои ангишт дар навбати аввал аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, то дурдастарин шаҳру ноҳияҳои Бадахшон идома меёбад.
Ҳамчунин ба оилаҳои имконияташон маҳдуд ва шахсони ниёзманд ангишт ройгон дастрас карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






