ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар 42 сардхонаи шаҳри Ҳисор захираи маҳсулот идома дорад

Октябрь 14, 2024 11:00

ҲИСОР, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор  нақшаи тадбирҳои  омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани  давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 таъсис дода шуд. Дар шаҳри Ҳисор 42 сардхона бо ғунҷоиши 9805 тонна маҳсулот мавҷуд буда, дар онҳо захиранамоии маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад.

Тавре масъулини шаҳри Ҳисор ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар доданд, барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025»   дар соҳаи маориф то 5 октябри соли равон як ҳазору 400 тонна ангишт, 502 метри мукааб ҳезум ва 654 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.

Талаботи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар шаҳри Ҳисор 2143 тонна ангишт, 1116 метри мукааб ҳезум ва 21 тонна  сӯзишвории дизелӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор аз 42 буғхона 14 адад дар ҳолати корӣ қарор дошта, 166 гармкунаки барқӣ ва 2717 бухорӣ омода карда шудаанд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисор барои харидани  ангишт ва ҳезуму  сӯзишворӣ ду миллиону 150 ҳазору 525 сомонӣ пешбинӣ шуда,  то 5 октябри  соли равон  49 фоизи ин маблағ ҷудо гардид.

Дар соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор ба миқдори 89 метри мукааб ҳезум, 198 тонна ангишт ва 1300 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Инчунин  34 генератори барқдиҳанда, 200 гармкунаки барқӣ ва 165 бухорӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.   Дар шаҳри Ҳисор 107 муассисаи  соҳаи тандурустӣ ба хати озоди барқ пайваст мебошанд.

Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти  захираи онҳо дар сардхонаю анборҳои  ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди  «Аҷр», «Хизмат-1», «Самоҳ», «Суҳробшоҳ» ва хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди шаҳр ба ҳолати 5 октябри соли равон  655 тонна орд, 6062 тонна гандум,  225 тонна биринҷ, 90,8 тонна равған, 20 тонна макарон ва 150 тонна сабзӣ захира карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон дар Мастчоҳ, Исфара ва Хуҷанд биноҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд