ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба мавсими сармо омода мебошанд
ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 116 муассисаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади истифодаи самараноки энергияи гармӣ ва сарфаҷӯйии неруи барқ ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошанд. Инчунин 12 муассисаи дигар (4 муассисаи ҷумхуриявӣ, 8 муассисаи шаҳрӣ) гармиро аз дегхонаҳои локалӣ истифода мебаранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховра» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки системаи дохилии 10 муассиса (3 муассисаи ҷумҳуриявӣ, 7 муассисаи шаҳрӣ) ба қабули гармии мутамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои асосӣ (магистралӣ)-и шабакаҳои гармидиҳӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо ба ин хатҳо пайваст карда мешаванд.
Барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди доимӣ таъсис шудааст. Ситод барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ин давра корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.
Барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 11073,6 тонна ангишт, 6985,6 метри кубӣ ҳезум, 61 826 литр сӯзишворӣ захира гардидааст. Инчунин тибқи нақша маводи озуқаворӣ: 229 тонна картошка, 109,1 тонна пиёз, 35965 литр равған, 221,6 тонна орд, 42,9 тонна биринҷ, 30,4 тонна шакар ва 191,0 барои захира пешбинӣ намуданд.
Инчунин дар назди якчанд муассисаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ 155,8 гектар замин ҳамчун хоҷагиҳои ёрирасон ба таври самаранок истифода мешаванд.
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 895 генератори барқӣ мавҷуд аст, ки дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Инчунин 232 дегхонаи буғии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.
Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 12 адад, дар вилояти Хатлон 13 адад, дар вилояти Суғд 154 адад, дар шаҳри Душанбе 3 адад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32 адад ва дар муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриявӣ 18 дегхонаи буғӣ омодаи кор мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






