30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба Рӯзи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин хадамот.
Иштирокдорони ҳамоиш оид ба моҳият ва арзиши волои Конститутсия ҳамчун рукни муқаддаси асосии давлатдорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки бо назардошти аҳамияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат, дар назди ҳар фарди солимфикру огоҳи мамлакат, аз ҷумла, кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имрӯз вазифаҳои басе муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва қонунҳои дигари амалкунанда аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
«Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, қонунфаҳмиву қонуншиносии ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакат ва масъулияти онҳоро барои ояндаи шукуфои Ватани азизамон — Тоҷикистон баланд бардорем»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.
Ҳамзамон иброз гардид, ки ҳоло аз ҳар яки мо тақозо мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созем.
Дар идомаи ҳамоиш як зумра кормандон барои фаъолияти пурсамару ташаббускорӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






