4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он 4 нафар довталабон сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд, иттилоъ медиҳад, хабарнигори АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб Малика Ҳасанова дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид. Инчунин хонандаи синфи 9-и Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ Шаина Мабатқадамова сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Восеъ Сабрина Шарифзода сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва хонандаи синфи 3-и Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе Асилабону Алимова сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол аз 21 нафар ғолиби ҷойи якум 15 нафар барои дарёфти шоҳҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ариза пешниҳод намуда, байни ҳам дар чор номинатсия – кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон рақобат намуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид






