Ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мониторинги иҷрои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон баррасӣ шуд

Ноябрь 14, 2024 16:02

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» доир гардид, ки дар он мавзуи «Ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мониторинги иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Директори ташкилоти «Хома» Шаҳло Акобирова гуфт, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмини рушди устувори мамлакат, интихоби принсипҳои илман асоснокшудаи заминавии тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ва ҷомеаро дар назар дорад. Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон- ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ аст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои расидан ба ин мақсадҳо  ҳадафҳои олии зерин барои 15 соли минбаъда муайян шудаанд, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ; раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба давлати транзитӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳра Мадҷон оид ба дастовардҳои ислоҳот зимни татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» иброз дошт, ки дар давраи татбиқи ин стретегияи миллӣ  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 335 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ қабул гардид, ки зиёда аз 105-тои он амалӣ шуда, иҷрои 230 адад идома дорад.

Таъкид гардид, ки зимни татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» суръати рушди миёнасолонаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 7 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 2,3 маротиба, ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти кшоварзӣ 1,6 маротиба зиёд шуда, 2400 км роҳҳои мошингарди нав ва 219 км роҳи оҳан бунёд гардид, 326 пул сохта шуда, 2 агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» (260 мегаватт) ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалияти рушди мамлакат, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Ҳуҷҷати мазкур бо назардошти тағйироти солҳои охир, ки дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти мамлакат тартиб дода шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2024 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад