Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Созмони ҳамкории Шанхай созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 18, 2024 16:25

 ДУШАНБЕ, 18.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Созмони ҳамкории Шанхай созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар медиҳад.

Созишнома имконият медиҳад, ки минбаъд довталабон дар ихтисосҳои мухталиф ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Гузашта аз ин, он барои ба такмили ихтисос фиристодани омӯзгорони ду ҷониб шароити муфид фароҳам меорад.

Донишкадаи иқтисод ва савдои Созмони ҳамкории Шанхай ба рушди давлатҳои аъзо мусоидат намуда, дар омода намудани мутахассисон тавассути табодули омӯзгорону донишҷӯён саҳм мегузорад.

Инчунин таъкид гардид, ки ҳамкории донишкада дар доираи иқдоми «Як камарбанд – як роҳ» ба роҳ монда шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ноябрь 18, 2024 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд