Байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Русия-Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 27 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Маориф-ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» баргузор шуд.
Дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Брести Ҷумҳурии Беларус, инчунин байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Русия-Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки шартномаҳои ҳамкорӣ ба табодули донишҷӯёну устодон ва пешрафти кори донишгоҳҳо мусоидат менамоянд.
Дар форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат, аз ҷумла, ректорон ва намояндагони 13 муассисаи олии касбии Беларус иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус имрӯз низ дар ду бахш идома ёфта, баимзорасонии созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.
Ҳадафи асосии форум таҳия ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба таҳкими самтҳои афзалиятноки ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи таҳсили олӣ ва илм, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дӯстона мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






