Байни Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Тоҷикистон ва Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид

Ноябрь 7, 2024 13:41

ДУШАНБЕ, 07.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ин вазорат Рамазон Раҳимзода бо Раиси Иттиҳодияи ҷамъиятию давлатии «Ҷамъияти умумирусиягии тарбияи ҷисмонӣ-варзишии «Динамо»-и Федератсияи Русия Анатолий Гулевский Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин созишнома ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тарзи ҳаёти солим, таҳкими робитаҳои дӯстона тавассути варзиш ва баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ мусоидат менамояд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ барои баргузории мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бо Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, табодули таҷриба дар самти таблиғи тарзи ҳаёти солим, обутоби ҷисмонӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ суҳбати судманд анҷом доданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 7, 2024 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид