Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои «Лоиҳаи намоишии Долони сабз» Созишномаи грантӣ ба имзо расид

Ноябрь 4, 2024 11:19

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои «Лоиҳаи намоишии Долони сабз» ба маблағи 86,6 миллион доллари амрикоӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Созишномаи грантиро  Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки Осиёии рушд хонум Родора Консепсион ба имзо расониданд.

Маблағи  Созишномаи грантӣ пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд амалӣ карда мешавад.

Мақсади «Лоиҳаи намоишии Долони сабз»- ин сохтмон ва навсозии 49 километр роҳи мошингарди Данғара – Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи «Роҳи сабз», сохтмони 48,8 километри роҳи велосипедронӣ, сохтмони 2 нуқтаи барқдиҳии автомобилҳои электронӣ ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои соҳибкорзанони минтақаи зерҳадафи лоиҳа мебошад.

АКС:Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд