«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд

Ноябрь 22, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе барои ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону ҷавондухтарон ва фароҳам овардани шароити муносиби иҷтимоӣ барои оилаҳои осебпазир дар «Маркази касбомӯзии Атлас» таҳти унвони «Бонуи ҳунар» даври омӯзишии дӯзандагӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин раёсат хабар доданд.

30 нафар занону ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманд ба ин даври омӯзишӣ ҷалб гардида, ҳунармандони чирадаст давоми як моҳ ба онҳо дӯзандагӣ меомӯзонанд.

Даври омӯзишӣ дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» ва  татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии омӯзиш соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонанишин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави кор, алалхусус барои занону  ҷавондухтарон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд менамоянд. Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Маҳз дар натиҷаи татбиқ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад.

Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва бахшу шуъбаҳои он дар маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе пайваста чорабиниҳои маърифатӣ доир мегарданд. Дар онҳо занону духтарони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳибзавқ маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, ҷавондухтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб менамоянд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 22, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд