COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид

Ноябрь 25, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи 29-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) 24 ноябр дар Боку ба анҷом расида, лоиҳаи нави маблағгузорӣ ва қадамҳои муҳим дар мубориза бо тағйирёбии иқлимро пешниҳод намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

Тибқи лоиҳаи нави матни дар конфронс таҳияшуда, ҳадафи нави сифатии маблағгузории дастҷамъонаи иқлимӣ маблағгузориро се маротиба афзоиш дода, то соли 2035 ба 300 миллиард доллар дар як сол мерасонад.

Иштироккунандагони иҷлосия барои пурра амалӣ намудани Хазинаи ҷуброни талафот ва хисорот ба мувофиқа расиданд.

Ғайр аз ин, гуфтушунидҳои бисёрсола оид ба моддаи 6-уми созишномаи Париж ба охир расиданд. Ин ба давлатҳо имкон медиҳад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқлимӣ аз механизмҳои бозорӣ истифода баранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 25, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд