Дар Ашқобод ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ доир шуд

Ноябрь 7, 2024 13:24

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки дар саммитҳои Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи ин фонд баён гардида буд, дар ҷаласаи 87-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ 6 ноябр дар Ашқобод баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласаи 87-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, инчунин раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон, вазири хоҷагии оби Узбекистон ва вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон табодули афкор намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ дар давраи нашъунамои соли 2024, меъёрҳои обгирӣ ва реҷаи кори силсилаобанборҳо дар давраи ғайринашъунамои солҳои 2024-2025 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму ва дигар масъалаҳои марбут ба об баррасӣ гардиданд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протокол ба имзо расид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 7, 2024 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд