Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Конститутсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Ноябрь 5, 2024 10:50

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардид, ки истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи мамлакатро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян намуд. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки қабули Конститутсия майлу иродаи шаҳрвандон барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳо ва бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати

муҳимми сиёсӣ дастоварди беназири даврони истиқлол буда, дар ташаккули асосҳои сохтори давлатӣ, таҳкиму инкишофи қонунгузории миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои устувори истиқлолияти комили сиёсии марҳилаи нави рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Конститутсия ба таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, омили асосии кафолати пойдории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик арҷгузорӣ шуда, барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва рушди забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мақому манзалати инсон ва шаҳрвандро дар ҷомеа муайян намуда, аҳолии мамлакатро ба ободкорию созандагӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеа, пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ ва расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2024 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст