Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 23 ноябри соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҳайати Тоҷикистон дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегии ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар алоҳидагӣ муаррифӣ гардиданд.
Зимни вохӯриҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои гуногун, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Комиссияи Аврупо – шуъбаи савдо ва рушд, Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия, Вазорати рушди ҳамкории байналмилалии Шоҳигарии Белгия ва дигар сохторҳои ин кишвар табодули таҷриба намуд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба зимма гирифтааст, аҳамияти хосса дода, барои амалигардонии онҳо пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Тавассути сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат дар чаҳор марҳила занону кӯдакон аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Тоҷикистон оварда шуда, барои барқарорнамоии ҳолати равонӣ ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ чорабиниҳо амалӣ мешаванд.
Ҷонибҳо барои тақвият додани ҳамкории минбаъда бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Белгия дар самти ҳуқуқи инсон ба мувофиқа расиданд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






