Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол ба истифода дода шуд, ки дорои варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки ҳамасола наврасону ҷавонони ноҳия дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо натиҷаҳои назаррас – сазовор гаштан ба ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ бармегарданд. Махсусан варзиши футбол дар ноҳия дӯстдорони зиёд дошта, тиме, ки дар лигаи дуюми мамлакат ҳунарнамоӣ мекунад, дастаи футболи бонувони ноҳия мебошад.
Таъсиси муассисаи мазкур, ки дар он барои тамрин ва бозиҳои варзишӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ҷиҳати боз ҳам бештар ба муваффақиятҳо ноил гаштани наврасону ҷавонони ноҳия дар самти варзиш ва рушди ин соҳа мусоидат менамояд.
Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол дар деҳоти Исфисор 8 мураббӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.
Ҳамзамон дар ин макон мураббиён метавонанд дарсҳои назариявӣ гузаранд. Насби нурафканҳо дар варзишгоҳ имкон медиҳад, ки шомгоҳон низ мусобиқа ва тамринҳо бемамониат доир карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки муассисаи мазкур 18 ноябри соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






