Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил гардид

Ноябрь 5, 2024 19:10

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз талаботи муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои дигар мебошад. Зеро қонунмандӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва пешрафту созандагии он ба шумор меравад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад, пеш аз ҳама, зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми анъана дароварда шавад. Ин матлабро 4 ноябр ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Ғанизода зимни баргузории ҳамоиш бахшида рӯзи Конститутсия баён намуд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки марҳилаи асосии таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия баъд аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин барои мардуми мо санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро таҷассум менамояд. Конститутсияи давлати мо ҳамчун маҷмуи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои баруманди байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба нақши Конститутсия дар пешрафти мамлакат маъруза намуданд.

Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлол гардидан ба марҳилаи нави таърихии инкишоф ворид шуд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд ва ин ҳама зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён гузошт. Зеро таҳия ва қабули Конститутсия ва қонунҳои ба талаботи сохти нави давлатдорӣ ва замони муосир ҷавобгӯ омилҳои муҳими устувории иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа мебошанд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2024 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад