Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (то 18-сола) доир шуда, ғолибону ҷоизадорони чемпионат қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ғолибону ҷоизадорони Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф»-ро табрик гуфта, ба онҳо дар футбол, таҳсил ва зиндагӣ барору комёбӣ таманно кард.
Хотиррасон мекунем, ки имсол ғолиби Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» бо дарёфти 33 хол дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) гардид. Дастаро ба ин муваффақият мураббии номдор Носир Ҳамидов расонид.
Медалҳои нуқраи чемпионат насиби дастаи «Душанбе» бо 28 хол гардиданд.
Дастаи ҷавонони КМВА-и шаҳри Душанбе дар ҷадвали мусобиқа бо дарёфти 23 хол ҷойи сеюмро гирифт.
Дар ҷамъбасти мавсим ба бозингарон, мураббиён ва дастаҳо мукофотҳои инфиродӣ супурда шуданд. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе ҷоизаи «Fair Play»-ро соҳиб шуд. Саидҷон Хоҷаев аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Душанбе, Эмомиддин Одинаев аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, Абубакр Асоев аз дастаи МҶМОВ ва Улуғбек Сатторов аз дастаи «Душанбе» беҳтарин бозингар дар ҳайати дастаи хеш эътироф шуданд.
Носир Ҳамидов беҳтарин мураббии лига дониста шуд, ки МҶМОВ таҳти роҳбарии ӯ медалҳои тилло ба даст овард.
Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Фаррух Маҷидов аз дастаи МҶМОВ тақдим гардид, ки дар мавсими анҷомёфта 12 гол задааст.
Беҳтарин бозингари чемпионат Алиҷон Шарбатов аз дастаи «Душанбе» дониста шуд.
Мусобиқаи Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (то 18-сола) бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






