Дар Душанбе вобаста ба таҳаввул ва дурнамои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таҳаввул ва дурнамои рушди он» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.
Иброз гардид, ки сулҳу осоиштагӣ ва устувории аркони давлатдорӣ ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва риояву иҷрои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буда, ба пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ ва пойдории давлат замина мегузорад.
Мувофиқи таҳлилҳои коршиносони байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистон яке аз мукаммалтарин конститутсияи ҷаҳони муосир буда, дар шумори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё қарор дорад.
«Яке аз дастовардҳои арзишмандтарини даврони истиқлолият ва муқаддасоти миллии мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он ҳамчун шиносномаи давлат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми мамлакат бо дарки масъулияти баланд тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия дастоварди бузурги миллати тоҷик дар роҳи давлатсозию давлатдории навин ба шумор меравад»,-иброз гардид дар ҳамоиш.
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандон нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи руҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.
Ин санади муқаддас бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардум ва роҳи рушди ояндаи давлат таҳия ва пазируфта шудааст. Он сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошт.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






