Дар Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мақсад аз баргузории форум фароҳам овардани шароити мусоиди ташкилӣ, иттилоотӣ-коммуникатсонии технологӣ ва молиявӣ барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои рақамикунонии равандҳои тиҷоратӣ ва ташаккули иқтидори зарурии технологияҳои саноатӣ, рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати инноватсионӣ ва инфрасохтори он дар минтақаҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон форум майдони муколамаи созанда ва мубодилаи афкору таҷрибаро бо мақомоти давлатӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, коршиносони байналмилалию миллии соҳавӣ ва шарикони рушди мамлакат оид ба тавсеаи имконияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дурнамои муосири онҳо фароҳам меорад.
Дар форум муаррифии консепсияи «Маркази ягонаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва прототипи каталоги онлайнии маҳсулоти истеҳсолшавандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар назар дошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






