Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе озмоишгоҳҳои муосир ифтитоҳ шуданд

Ноябрь 12, 2024 17:33

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе озмоишгоҳ-синфхонаҳои таълимӣ аз фанҳои физика, химия ва биология ифтитоҳ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмоишгоҳҳо бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, имконияти гузаронидани корҳои озмоишӣ ва назоратиро дар раванди дарсҳои амалӣ боз ҳам беҳтар менамоянд.

Озмоишгоҳҳо дар доираи солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» амалӣ шуда, низоми таълим ва раванди дарсгузарӣ ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шудааст.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 12, 2024 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид