Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар доираи Фестивали театрии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) «ГИТИС- мастер-класс» мулоқоти намояндагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ректори Донишгоҳи умумирусиягии кинематография ба номи Сергей Герасимов (ВГИК) Владимир Малишев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкории байни муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасамандии зоҳир карда, доир ба масоили омодасозии мутахассисони касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар дар ин бахш табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон ҳамсуҳбатон масъалаҳои рушди ҳамкориро дар коркарди лоиҳаҳои муштарак, баргузории мастер-классҳо ва иштирок дар чорабиниҳои баргузоршаванда дар Тоҷикистон ва Русия мавриди муҳокима қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






