Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон се иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Дар деҳаи Хироби Ҷамоати деҳоти Балҷувон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 мавриди истифода қарор дода шуд.
Масоҳати умумии замини иншоот 7000 метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 300 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 2 ошёна ва 8 синфхона, утоқи директор ва хонаи омӯзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдоме мебошад, ки ба таъмини пешрафти соҳаи маориф дар вилоят равона карда шудаанд.
Имрӯз ҳамчунин дар деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои дуошёна аз 8 синфхона, утоқи директор ва хонаи омӯзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст.
Инчунин дар деҳаи Охбулоқи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 сохта шуд.
Масоҳати умумии замини иншоот 5000 метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 300 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои иловагӣ барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардида, дар он шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд






