Дар ноҳияи Ёвон якчанд иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон якчанд муассисаи соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинони маҳал дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и маҳаллаи 8-марти Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав бинои замонавии якошёна иборат аз 16 синфхона барои 900 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди донишандӯзии хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии омӯзгорон пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Инчунин баён гардид, ки сохтмони ин бино дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 идомаи тадбирҳое аст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми маҳал амалӣ гардидааст.
Ҳамзамон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 74-и маҳаллаи Алишери Навоии Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав бинои наву замонавӣ иборат аз ду ошёна барои 400 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.
Инчунин дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-и деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова бинои наву замонавии дуошёна иборат аз 8 синфхона барои 400 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба ҳама нафароне, ки дар сохтмони ин иншооти соҳаи маориф саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ёвон вусъат мегиранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд






