Дар шаҳри Душанбе Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин раёсат хабар доданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки саҳифаҳои таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд ва инсондӯстиву ватандӯстӣ мебошанд.
Имрӯз бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат мақомоти милитсия ба дигаргунӣ ва пешравиҳо ноил гашта, ба сохтори неруманду калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Аз ҷумла, милитсияи пойтахт ба тамоми лавозимоти хизматӣ, аз қабили бинову иншооти замонавӣ, мошинҳои хизматӣ ва дигар инфрасохтор таъмин аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо дар ҷашни Рӯзи милитсия фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ҳамчун намунаи ибрат барои дигар сохторҳо арзёбӣ намуда, дар муроҷиат ба кормандони ин сохтор чунин изҳор дошта буданд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳоро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад».

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зиддисӯхторӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ равона намудаанд.
Маҳз ҳамин хизмати содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, аз ҷумла кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт. Ҳамчунин давоми ду соли охир созмонҳои мустақил ва беғарази байналмилалӣ Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои амнтарини дунё эътироф намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасоли 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсия таҷлил карда мешавад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






