Дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди партовҳо аз маводи пластикӣ ва коғазу оҳан бунёд мегардад

Ноябрь 24, 2024 14:00

ХОРУҒ, 24.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вазъи экологӣ дар ҳудуди шаҳр пурра тағйир ёфта, барои тозаву озода нигоҳ доштани хиёбону кӯчаҳои шаҳр шумораи партовгоҳҳо ба 37 адад расонида шуд. Дар аксар кӯчаҳо ҳамчунин 100 қуттии муосир барои ҷамъкунии партовҳои пластикӣ, полиэтиленӣ ва коғаз гузошта шуд. Бо бунёди корхонаи коргарди партовҳо аз маводи пластикӣ, коғазу оҳан ва шиша вазъи экологӣ дар шаҳр боз ҳам беҳтар мегардад, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, аз тарафи Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ давоми рӯз аз 38 то 42 метри мукааб партови сахти маишӣ бароварда шуда, ба мавзеи Вируйҷак, ки дар масофаи 15 километр дуртар аз ҳудуди шаҳр ҷойгир аст, интиқол дода мешавад.

Бо мақсади беҳтар гардидани вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии коммуналӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиенӣ ва ободонӣ дар мавзеи Теми  шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  корхонаи коркарди партов аз маводи пластикӣ, коғазу оҳан ва шиша бунёд мегардад. Дарозии бино 12 метрро ташкил дода, паҳноии он 10 метр мебошад.

Сохтмони биноро коргарони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Дастони тиллоӣ» бар уҳда гирифта, қисми бетонрезӣ дар таҳкурсии бино ба анҷом расидааст. Коргарон бо истифода аз маҳлули махсус бар зидди намӣ зербиноро қавӣ намуда, ба хиштчинӣ омода мешаванд. Ҳоло сарфи назар аз фарорасии сардӣ корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома доранд. Коргарон бе ягон таъхир бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ таъмин шуда, бетонро дар худи майдончаи сохтмонӣ омода менамоянд.

Ба иттилои масъулини сохтмон, корҳои хиштчинӣ, андовакунӣ  ва васлу насби дару тирезаҳо то моҳи апрели соли оянда идома ёфта, дар ҳамин моҳ ин иншооти барои шаҳри Хоруғ хеле муҳим ба истифода дода мешавад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст