Дар шаҳри Ҳисор аз поруи чорво гази табиӣ истеҳсол намуданд
ҲИСОР, 14.11.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар хонаи сокини деҳаи Чаманистони шаҳри Ҳисор Бибикалон Салимова аз поруи чорво газ истеҳсол карданд, яъне таҷрибаи истеҳсоли биогаз дар шароити деҳот амалӣ шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Соҳибхона Бибикалон Салимова зимни муарифии ин навгонӣ иброз дошт, ки «ман ҳамагӣ чор сар чорвои калони шохдор дорам. Ҳамарӯза се сатил поруи аз чорво истеҳсолшударо бо панҷ сатил об омехта карда, ба дастгоҳи газистеҳсолкунанда меандозам ва дар натиҷа газ истеҳсол мешавад. Як моҳ пеш ин дастгоҳро аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид оварда, насб карданд. То имрӯз аҳли оилаи мо бо харҷи зиёд барои хӯрок пухтан маводи гуногуни сӯзишворӣ истифода мекард. Хушбахтона, баъди насби ин дастгоҳ ва истеҳсоли биогаз сарфу харҷи зиёдатӣ ба анҷом расид ва мо ҳамарӯза панҷ соат аз ин биогаз истифода менамоем».
Муовини роҳбари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Лазима Онта Бхата оид ба муаррифии ин лоиҳа ва аҳамияти он гуфт, ки «ин таҷриба дар Тоҷикистон бори аввал амалӣ мегардад. Бешубҳа, амалӣ сохтани он аз бисёр ҷиҳат манфиатовар буда, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат- рушди иқтисоди «сабз» мусоидат менамояд».
Таҷҳизоти истеҳсоли биогаз аз Ҳиндустон ворид гардидааст, ки ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, барои истеҳсоли гази табиӣ муҳим мебошад. Истифодаи гази табиӣ ба ғанӣ гардонидани буҷети оила мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






