Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд

Ноябрь 20, 2024 09:13

ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Москва вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо афсарону курсантони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 33 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сухан гуфт. Дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон таъкид гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Ноябрь 20, 2024 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд